Ғалабаи сазовори истеъдодҳои ҷавони мо!

Аз хурдсолӣ ба варзиш машғул шудан ва тарзи ҳаёти варзиширо интихоб кардан ба саломатии ҳама фоида дорад ва дорои бисёр ҷанбаҳои муҳим мебошад. Бахусус Футбол бо сабаби маъруфияти бузург доштан ва рушди ҳамаҷонибаи ҷисмонӣ бахшидан, яке аз беҳтарин вариантҳо ба ҳисоб меравад.

3 моҳ пеш мавсими даҳуми Лигаи футболи кўчагии «Tcell – Футбол ба назди Шумо меояд» оғоз шуд.

Ба қисми ниҳоӣ 12 дастаи беҳтарин аз рўи чаҳор категорияи синну сол роҳ ёфтанд, ки яке аз онҳо дастаи футболбозони хурди мо -“Вавилон” мебошад!

Рӯзи 3 май бозии ниҳоӣ миёни дастаҳои «Вавилон» ва дастаи «Сипар» баргузор гардид, ки бо ҳисоби 3:1 бо пирӯзии дастаи «Вавилон» анҷом ёфт!

Дастаи ҷавони мо бозии шавқовар ва ҷолибу тамошобоб нишон дода, аллакай дар майдонҳои футбол бозиҳои худро ба ғалабаҳо шуруъ кард.

Инчунин дар номинатсияи «Беҳтарин бозингар»-и мусобиқа, футболбози хурдакаки мо Ҳамдамов Иброҳим беҳтарин дониста шуд!

Футбол дар шаҳри мо рушд мекунад. Онро дўст медоранд, тамошо мекунанд, бозӣ мекунанд ва боварӣ дорем, дар оянда шоҳиди он мешавем, ки бозингаони хурдсоли мо боз чандин маротиба ҷомро болои сари худ бардошта, ба сари сина медалҳо мегузоранд.

Ғалабаи тими Вавилон-М Ғалабаи тими Вавилон-М

Ғалаба ба футболбозони ҷавони мо ва ба ҳамаи дўстдорони бозии раками як муборак бошад!


Бозпас ба рӯйхат