Ғалабаи дастаи «Вавилон» дар мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

8 марти соли 2024, дар толори Маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо» -и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаи футболи хурд байни собиқадорон оғоз ёфт. Мусобиқаи мазкур барои дарёфти Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ, корхонаву идораҳои давлатии кишвар баргузор гардид.

Дар марҳилаи финалӣ дастаи «Вавилон» бо дастаи «Динамо» барои гирифтани чои 1-ум қувваозмоӣ кард. Давраи асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 ба поён расид. Дастаи Вавилон дар зарбаҳои 11-метра ташаббусро ба даст гирифта, ба дарвозаи ҳариф 3 гол зад. Дар натича бозӣ бо хисоби 4:3 бо ғалабаи дастаи «Вавилон» ба анҷом расид.

Дастаи «Вавилон» дар ин рақобати пуршиддат бозии зебо нишон дода, соҳиби ҷои якум ва Ҷоми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон рӯзи 8 март дар толори Вазорати корҳои дохилӣ баргузор шуд. Инчунин Хуршед Маҳмудов «Беҳтарин бозингар»-и мусобиқа эътироф гардид.

Бозии якдилонаи бозингарони мо, ташнаи ғалаба ва фидокории баланди онҳо имкон дод, ки дастаи «Вавилон» бозии шавковару зебо нишон диҳад.

Дастаи футболи моро дар оянда ғалабаҳои нав интизоранд!

Барори кор ва комёбиҳои нав таманно дорем!


Бозпас ба рӯйхат