Роуминги дастрас ФР

ҶСП "Вавилон-Мобайл" дар якҷоягии бо ширкати AIVA mobile-и Федератсияи Россия, хизматрасонии "Роуминги дастрас"-ро рохандози намуд. Минбаъд Шумо метавонед бе иваз намудани раками худ ба Россия сафар намоед. Хангоми дар Руссия ва ё Точикистон вокеъ буданатон, Шумо аз харочоти зиедати барои алока пешгири карда метавонед.

"Роуминги дастрас" - бехтар аз занг, ин алокаи пайваста бо хонадон, ин озодии муошират, ин бовари ва эътимод барои муштариёни мо мебошад.

Пардохти яквақтаНархҳо бо аксиз ва ААИ
Пайвастшавӣ ба хизматрасонӣ0,50
Намуди зангҳоНархҳо бо аксиз ва ААИ
Зангҳои баромад ба ФР (ба ғайр аз оператори AIWA-Mobile)1,20 сомонӣ
Зангҳои баромад ба ФР AIWA-Mobile (бо назардошти тағйири нишонӣ)1,20 сомонӣ

Нархгузории дақиқавӣ

* - барои муштариёни мавҷудбуда ивази сим-корт ба DualSim амалӣ мегардад.
(Арзиши иваз намудан ба DuaiSim 3,50 сомонӣ бо назардошти аксиз ва ААИ)

Нархҳо бо сомонӣ нишон дода шудаанд.

БАРОИ МАЪЛУМОТ:
Зимни пайвастшавӣ ба хизматрасонӣ, ба муштарӣ рақами дуюм аз оператори россиягии Aiva-Mobile бо тавозуни 30 рубл дода мешавад.

Дар сим-корти Шумо ду рақам аст. 1-ум рақами Babilon-Mobile, 2-юм рақами Aiva-Mobile-и ФР.

СИМ-КОРТИ МАЗКУР БА ТАВРИ ЗЕРИН АМАЛ МЕКУНАД:
а) Вақте, ки Шумо дар ҶТ карор доред, рақами "Вавилон-Мобайл" бо нақшаи
тарофавии интихобнамудаи Шумо фаъол мебошад. Тамоми зангҳои дохили ҶТ ба таври муқаррарӣ ҳамчун сим-корти оддии "Вавилон-Мобайл" амалӣ мегарданд. Дар ин маврид, вақте, ки Шумо ба муштариёни ФР, ки дар қаламрави Россия қарор доранд, занг мезанед, он гоҳ Шумо тибқи арзиши хизматрасонии "Роуминги дастрас" пардохт менамоед, вале дар ин маврид муштариёни россиягӣ рақами Аiva-Mobile россиягии Шуморо мебинанд. Баргашта онҳо метавонанд, ба Шумо ҳамчун ба рақами россиягии Aiva-Mobile занг зананд (нархгузории рақами россиягии Шумо мутобиқи нақшаи тарофавии "Мудом дар хона"-и аз Aiva-Mobile амалӣ мегардад, муштарии россиягӣ бошад, зангро ҳамчун занг ба рақамҳои россиягӣ пардохт менамояд). Инчунин муштарии россиягӣ метавонад, ба рақами "Babilon-Mobile"-и Шумо занг занад, лекин нархгузори дар ҳар ду холат ба таври якхела амалӣ мегардад. (барои рақами Babilon-Mobile-и Шумо зангҳои даромад 0 сомонӣ, барои муштарии россиягӣ мутобиқи нақшаи тарофавияш).

б) Ҳангоми бо ин сим-корт дар қаламрави Россия қарор доштанатон, рақами россиягии Aiva-Mobile-и Шумо фаъол мегардад. Дар ин ҳолат арзиши тамоми зангҳои дар дохили ФР мутобиқи нақшаи тарофавии "Мудом дар хона"-и Aiva-Mobile нархгузорӣ карда мешавад. Ҳангоми ба ҶТ занг заданатон, муштарии ҶТ раками Тоҷикистонии "Babilon-Mobile"-и Шуморо мебинад. Дар ин маврид арзиши занг аз тавозуни россиягии Aiva-Mobile-и Шумо мутобиқи нақшаи тарофавии "Мудом дар хона" гирифта мешавад. Зимни аз ҶТ ба рақами Тоҷикистонии "Babilon-Mobile"-и Шумо занг задан (дар ин маврид арзиши занг аз рақами "Babilon-Mobile"-и Шумо мутобиқи арзиши хизматрасонии "Роуминги дастрас" аст, нигаред банди "Тағйири нишонии даъват ба рақами Aiva-Mobile", барои рақами Россиягии Шумо занг ройгон мебошад. Инчунин ба Шумо метавонанд ба рақами Россиягии "Aiva-Mobile" занг зананд, (барои рақами "Babilon-Mobile"-и Шумо зангҳои даромад 0 рубл, барои муштарии Россиягӣ бошад, мутобиқи нақшаи тарофавияш).

Мавриди дар қаламрави ФР будан, Шумо метавонед тавозуни рақами "Babilon-Mobile"-и худро тариқи сомонаи: www.pay.babilon-m.tj ё системаҳои пардохтӣ пур намоед.

Тавозуни рақамҳои "Babilon-Mobile" ва Aiva-Mobile ҷудогона мебошанд ва онҳоро дар алоҳидагӣ пур менамоед.

Барои шиносои бо нақшаи тарофавии «Мудом дар хона» ба сомонаи: www.aiva-mobile.com гузаред.

Ҳангоми дар қаламрави ҶТ буданатон, арзиши зангҳои Шумо мувофиқи нақшаи тарофавии интихобкардаатон амалӣ мегардад.

Ҳангоми харидори намудани SIM-корт дар марказҳои хизматрасонӣ ва нуқтаҳои фурӯш ба Шумо лозим аст, ки кормандро оид ба минтақаи дар оянда сафармекардаатон бо қайди номи минтақаи Федератсияи Россия огоҳ намоед. Дар қаламрави Россия шабакаи хонагӣ шаҳри Москва/ вилояти Москва ва шаҳри Санкт-Петербург/ вилояти Ленинград мебошад. Дар ҳолате, ки муштарӣ берун аз минтақаи шабакаи хонагӣ дар Федератсияи Россия сафар мекунад, ба таври худкор дар раками ӯ хизматрасонии “Роуминги миллӣ” фаъол мешавад.*

*Барои шиносои бо нархномаи хизматрасонии “Роуминги миллӣ” Шумо метавонед ба сомонаи www.aiva-mobile.com гузаред.

Барои шиносоӣ бо тарофаҳо ба саҳифаи http://www.babilon-m.com/taj/tarifs/ гузаред.

Маълумоти мухтасар бо рақамҳои:
2006 - Мавриди дар ҶТ будан.
6633 - Мавриди дар ФР будан.