Онлайн пардохт

ҶСП «Вавилон Мобайл» баҳри роҳати муштариён хизматрасониеро ба роҳ монд, ки минбаъд мизоҷони дорандаи “Корти миллӣ”, метавонанд ба воситаи низоми «Онлайн-пардохт» тавозуни рақами мобилии худро пур намоянд.

«Онлайн пардохт» имконият медиҳад, ки муштариён бе ҳеҷ душворӣ танҳо бонки ба худ мувофиқро интихоб намуда, рақамро ворид намоянд, маблағи зарураро нишон диҳанд ва дар идома маълумоти кортро ворид намуда, тугмачаи «Оплатить» -ро пахш намоянд.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат