НИИХ (Низоми Интернетии Идоракунии Хизматрасониҳои / ИСУУ)

Бо ёрии НИИХ (Низоми Интернетии Идоракунии Хизматрасониҳо) муштарӣ метавонад мустақилона профили худро идора кунад, яъне ба воситаи НИИХ муштарӣ метавонад барои ба спектри васеъи хизматрасониҳо: мустақилона пур кардани суратҳисоб, интиқоли маблағ ба дигар рақам, қарз гирифтан (Қарзи муҳлати мобилӣ - Обещанный платеж), пардохтҳои худро тафтиш кардан, равона кардани SMS/MMS - хабар, хомӯш ва пайваст кардани маҷмуи хизматрасониҳое, ки аз тарафи ширкати мо пешкаш карда мешаванд, инчунин истифода кардан аз баъзе хизматрасониҳои иловагӣ рухсати даромаданро пайдо кунад. Инчунин, ИМТИЁЗИ асосии НИИХ дар он аст, ки муштарӣ дар кадом нуқтаи ҷаҳон ҳам бошад, метавонад аз НИИХ истифода барад, барои ин ҳоҷати дар даст доштани телефон ё пайваст будан ба Роуминг зарур нест, чунки ҳамаи амалиётро муштарӣ дар шабакаи Интернет мегузаронад. Яъне, даромадан ба саҳифаи: babilon-m.tj зарур аст, баъдан замимаи НИИХ-ро интихоб кунед ё ба саҳифаи: http://ecare.babilon-m.tj/ бевосита гузаред, инчунин ба воситаи сайти: http://wap.tj, ки дар он ҷо замимаи «Управление услугами» («Идоракунӣ ба хизматрасониҳо») намоён мегардад, ё ба воситаи истиноди (ссылка): http://iscs.wap.tj метавонед маълумот гиред.

Рамз 6 рақама мебошад, барои истифодабарандагони нав.
Барои истифодабарандагони пешина рамзҳо иваз нашудан.
Тарзи пайвастшавӣ: Рамзи НИИХ *2004#3*Pin-1*Рамзи НИИХ (парол)*#

Имкониятҳои НИИХ

Профили муштарӣ - Маълумотест, ки дар он рақами ҳисобии шахсии муштарӣ, тарзҳои равона шудани ҳисоб, суроғаи (адрес) электронӣ ва суроғаи почтавии муштарӣ, марҳилаи қатъ гардидани хизматрасонӣ, санаи даромади охирин ба система ва IP-суроғаи даромади охирин инъикос меёбад.

Бонус ва тахфифҳо - Саҳифаи «Бонус ва тахфифҳо» дорои маълумот дар бораи дақиқаҳои бепул дар тарофа, пардохти дақиқаҳо, бақайдгирӣ, инчунин маълумот оид ба тахфифҳои шахсӣ ва дақиқаҳои бепули муштарӣ мебошад.

Тарофаи равон ва хизматрасонихо - Ба муштари имкони маълум кардани тарофаи равони худ ва спектри пурраи хизматрасонихое, ки ба он пайваст шудааст, медихад. Инчунин дар бораи хизматрасониҳои мазкур маълумот гирифтан мумкин аст.

Интиқоли маблағ - Ба муштарӣ имкони мустақилона интиқол додани маблағро аз контракти худ ба дигар рақам фароҳам меорад. Барои тасдиқ кардани интиқол PUK1-ро, ки ҳангоми пайваст шудан ба шабака дода мешавад, ворид кардан лозим аст. Инчунин тафтиш кардани таърихи интиқоли маблағ мумкин аст.

Пардохти маблаг - Муштарӣ барои мустақилона пардохт кардани маблағ аз корти пардохтӣ имкон дорад, яъне аз Prepaid-card ва оид ба пардохти маблағ ба ҳисоби шахсии худ маълумот гирифта метавонад, яъне аз «История платежей» («Таърихи пардохтҳо») истифода бурдан лозим аст.

Тағйир додани рӯйхати хизматрасониҳо - Бо ёрии ин замима муштарӣ барои хомӯш ва пайваст кардани маҷмуи хизматрасониҳое, ки аз тарафи ширкати мо пешниҳод мешавад, имкон дорад. Инчунин пайваст/хомӯш кардани баъзе хизматрасониҳои иловагӣ мумкин аст.

Қарзи мӯҳлати мобилӣ - Бо ёрии замимаи мазкур муштарӣ имкони гирифтани «Қарзи мӯҳлати мобилӣ»-ро дорад. Инчунин оиди маблағи максималии қарз маълумот гирифтан мумкин аст (Маблағи яклухт ва нопурра гирифтан мумкин аст, инчунин мувофиқи хоҳиш навъи асъорро - сомонӣ ё в.ш. метавонед интихоб кунед).

Қоидаи пардохти зангҳо - Агар муштарӣ хизматрасонии «Занг аз ҳисоби дӯстатон»-ро пайваст карда бошад, дар ин маврид у бо ёрии замимаи мазкур имкон дорад:

  1. «Қоидаи пардохти зангҳо»-ро муқаррар кунад.
  2. «Параметри муштарӣ»-ро тафтиш кунад (дар параметри муштарӣ Шумо метавонед тарзи огоҳкунии қоидаи пардохти зангҳоро аз ҳисоби муштарӣ муқаррар кунед).
  3. Таърихи амал кардани қоидаи пардохтҳоро аз назар гузаронад (моддаи мазкур аз назар гузаронидани ҳама қоидаҳои пардохтҳои муқарраршударо имкон медиҳад).

Филтр барои зангҳои даромад - Агар муштарӣ хизматрасонии руйхати «Сиёҳ» ва «Сафед»-ро барои зангҳои даромад пайваст карда бошад, аз филтр истифода мешавад. Дар ин ҳолат замимаи мазкур ба муштарӣ муқаррар кардани филтрро барои зангҳои даромад имкон медиҳад (филтр муқаррар кардани маҳдудиятро барои зангҳои даромад имкон медиҳад, масалан, қабул накардани зангҳои нохоҳам ё ба рақами хонагӣ гузаронидани зангҳо дар вақти бекорӣ). Инчунин, «История работы фильтров» («Таърихи амал кардани филтр») мавҷуд аст, ки он имкони тафтиш кардани таърихи амалкунии филтри муқарраршударо медиҳад.

Филтр барои зангҳои баромад - Агар муштарӣ хизматрасонии руйхати «Сиёҳ» ва «Сафед»-ро барои зангҳои баромад пайваст карда бошад, аз филтр истифода мешавад. Дар ин ҳолат замимаи мазкур ба муштарӣ муқаррар кардани филтрро барои зангҳои баромад имкон медиҳад (филтр муқаррар кардани маҳдудиятро барои зангҳои баромад имкон медиҳад, масалан, занг задан танҳо ба рақамҳои оилаатон ё маҳдуд кардани зангҳо ба рақами фармудашуда). Инчунин, «История работы фильтров» («Таърихи амал кардани филтр») мавҷуд аст, ки имкони тафтиш кардани таърихи амалкунии филтри муқарраршударо медиҳад.

Шабакаи хусусии вертуалӣ - Агар муштарӣ ба: «Шабакаи хусусии вертуалӣ - VPN» пайваст бошад, мувофиқи он замимаи мазкур намоён мегардад, ки он оиди «VPN-рақамҳои кӯтоҳ» ва «Сатҳи рухсат»-и аъзои мазкури VPN-гуруҳ маълумот медиҳад. Инчунин «Ҷустуҷуи рақамҳо» мавҷуд аст. Барои аз назар гузаронидани муштариёни шабака шарти ҷустуҷуиро ишора карда, тугмаи «Найти абонентов» («Дарёфт кардани муштарӣ»-ро) пахш кардан лозим аст. Агар рақам ишора карда нашавад, рақами ҳамаи муштариёни шабакаи хусусӣ нишон дода мешаванд.

Рақами дӯстдошта - Замимаи мазкур вобаста аз тарофаи муштарӣ намоён мегардад, ки он барои илова/тоза кардани рақами дӯстдошта ё аз назар гузаронидани таърихи илова ва иваз кардани рақами дӯстдошта вобаста аз мӯҳлати дархост имкон медиҳад.

Хабарҳои матнӣ - Замимаи мазкур ба муштариён равона кардани SMS-хабарро аз сайт имкон медиҳад, маблағаш бо амри воқеи мувофиқи тариф гирифта мешавад. Имкониятҳои иловагӣ: «Использовать транслитерацию» («Истифода бурдан аз транслитерасия») ва «Отложить отправку» («Қатъкунии равона намудан»-и) SMS-хабар, мӯҳлати қатъкунӣ на зиёд аз 30 рӯз аст.

Хабарҳои мултимедӣ - Замимаи мазкур ба муштариён равона кардани MMS-хабарро аз сайт имкон медиҳад, маблағаш бо амри воқеи мувофиқи тариф гирифта мешавад. Имкониятҳои иловагӣ: «Использовать транслитерацию» («Истифода бурдан аз транслитерасия») ва «Отложить отправку» («Катъкунии равона намудан»-и) MMS-хабар, мухлати катъкуни на зиёд аз 30 руз аст, пайваст кардани «Отчет о доставке MMS» («Огохи оиди қабул шудани MMS»), муштарӣ барои тафтиш кардани «Таърихи хабарҳо» (MMS-ҳои охирин қабулшуда ва равонашуда) имкон дорад. Инчунин дар замимаи мазкур «Профили муштарӣ» вуҷуд дорад, ки бо ёрии он ҳамоҳангсозиро ба телефони мобилӣ барои истифодаи хизматрасонии MMS фармудан ва тарзи қабул кардани огоҳиро тағйир додан мумкин аст.

Навбати фармоиш - Хизматрасониҳое, ки дар ҳолати ивазкунӣ қарор доранд, дар навбати фармоишҳо ёфтан мумкин аст.
Иваз кардани суроғаи қабулшавӣ - Дар замимаи мазкур суроғаи электронӣ ва почтавии муштарӣ нишон дода мешавад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат