SMS- маблағ (таҳвили пул аз телефонии мобилӣ ба телефонии мобилии дигар)

Хизматрасонии "SMS-Маблағ" барои муштариён имкони интиқоли маблағро аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоб бо ёрии SMS медиҳад.

Муштариён мустақилона метавонанд қисми маблағро аз суратҳисобашон ба дигар суратҳисоби муштарӣ гузаронанд.

Аввалан ба Шумо зарур аст, ки рамзи ИСУУ-ро муқаррар кунед.

Барои муқаррар кардани рамз, Шумо бояд USSD фармоиши зеринро, яъне *2004 #3*«pin1»*«рамз»*#, ки дар он рамз рақамхои минбаъда сабт аст, равона кардан лозим аст.

Интиқол бо тарзи зерин иҷро мешавад: Ба рақами 2005 бо матни зерин SMS хабар равона кунед: <рамз><рақами муштарӣ> маблағ дар сомони параметрҳо бо як ҷои холӣ мондан ҷудо карда мешаванд.

  • Интиқоли маблағ, ҳангоми мусбӣ будани суратҳисоб, ки беш аз 15 сомони бошад, имкон дорад.
  • Маблағи максималии интиқол 100 сомони мебошад.
  • Маблағи минимамалии интиқол 0,50 сомони мебошад.
  • Боқимондаи маблағ дар суратҳисоб баъди интиқол на кам аз 5 сомони бошад.

Арзиши хизматрасонии мазкур бо назардошти тамоми андозҳо 0,07 сомонӣ барои ҳар интиқол*.

Инчунин Шумо метавонед маблағро аз як суратҳисоб ба дигар суратҳисоби муштарӣ бо ёрии ИСУУ интиқол намоед.
(Интернет Системаи Идоракунии Хизматрасониҳо).
Барои ин ба саҳифаи http://ecare.babilon-m.tj/nser даромада, рақами телефон ва рамзи ИСУУ-ро ворид намудан лозим аст.
Моддаи «Интиқоли маблағ»-ро интихоб кунед.

Ҳангоми интиқоли маблағ таввасути ИСУУ ҳамон қоидаҳои интиқол таввасути SMS амал мекунанд.

Ба дӯстат дар мушкилӣ кӯмак расон!

Рамз бояд на камтар аз 6 аломат дошта бошад.
Гуш кардани маълумот оиди хизматрасонӣ бо рақами:3006.
Арзиши занг: 0 сомонӣ.

* Нархҳои ҷорӣ аз 01.01.2024 бо назардошти андози аксиз (7%) ва ААИ (14%) амал мекунанд.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат