GPRS (Интернети мобилӣ)

Internet (аз забони англ. Internet аз Interconnected Networks - шабакаҳои пайвастшуда) - шабакаи глобалии телекоммуникатсионии маълумотҳо ва захираҳои ҳисобӣ мебошад. Хизмати асосии физикиро барои тортанаки Умумиҷаҳонӣ мекунад. Дар бисёр мавридҳо, чун шабакаи Умумиҷаҳони, шабакаи Глобалӣ, ё танҳо Шабака ном бурда мешавад. Ҳоло вақте, ки калимаи Интернет дар таомул истифода мешавад, бисёри мавридҳо тортанаки Умумиҷаҳони маълумоти дастраси он дар назар аст, на шабакаи физикӣ.

GPRS (аз забони англ. General Packet Radio Service - маҷмуи радиоалоқа барои истифодабарии умумӣ) - ҳамоҳангсозӣ аз болои технологияи мобилии алоқаи GSM, ки равона шудани маҷмуи маълумотҳоро таъмин мекунад. GPRS ба муштарии шабакаи алоқаи сотовӣ имкон медиҳад, ки мубодилаи маълумотҳоро бо дигар тартиботҳо дар шабакаи GSM ва шабакаи берунӣ, инчунин бо Интернет амалӣ гардонад. GPRS равона кардани маълумотҳоро дар суръати каме баландтар нисбат ба шабакаи оддии GSM имкон медиҳад. GPRS - иҷозати мобилии бо суръати мувофиқ равона кардани маълумотҳоро ба Интернет медиҳад пайвастшавии босуръат ва ҳисобкуни бо миқдори равона/қабул шудани маълумотҳоро фароҳам меорад. Ҳангоми дастрас будани телефон тавассути хизматрасонии GPRS ва sim-корти ширкати «Babilon-Mobile» барои истифода аз Интернет иҷозати пурра гирифтан мумкин аст. Агар дар GSM-шабакаи оддӣ 14.4 Кбит/с максимум қабул карда шавад, дар ин сурат, ҳангоми пурра истифода бурдан, максимуми назариявии GPRS 171.2 Кбит/с ташкил медиҳад. GPRS - ин маҷмуи системаи равона кардани маълумотҳо, ки дар шабакаи Интернет амал мекунад. Ҳисобкунии GPRS аз рӯи ҳаҷми равона/қабул кардани маълумот гузаронида мешавад, на аз вақти сарф шуда дар on-line. Суръати GPRS - то 171.2 Кбит/c ташкил медиҳад.

Имкониятҳои хизматрасонӣ

Пардохт кардани танҳо ҳаҷми равона/қабул кардани маълумотро, новобаста аз вақти дар пайвастшави сарфшуда, медиҳад.
Ҳангоми истифодаи технологияи GPRS, шабакаҳо танҳо дар вақти равона/қабул кардани маълумотҳо банд мешаванд, ки ин барои хондани интернет-саҳифаҳо ё навиштани мактуби электронӣ, бидуни ба назар гирифтани вақти сарфкардаи Шумо дар шабакаи Интернет, имкон медиҳад.
Занг задан, қабул кардани зангҳо ва SMS-хабарҳои дар пайвастшави қарордошта имкон медиҳад. Танҳо он марҳилаҳоро ташкил медиҳад, ки Шумо бевосита маълумотҳоро “мtкучонед”, чунки дар ин вақт телефони Шумо ба қабул/равона кардани маълумот банд аст. Чунин маҳдудият ба якчанд навъи телефонҳои муосире, ки GPRS-ро дастрасанд, хос аст, яъне аз навъи телефони Шумо вобаста мебошад.
3.5G-HSDPA - ба муштариёни «Babilon-Mobile» истифода карданро аз иҷозат ба Интернет ба воситаи GPRS дар суръати аз 7.2 Мбит/с имкон медиҳад.
HSDPA (High Speed Downlink Packet Access) - технологияи баландсуръати маҷмуи иҷозатро бо шабакаи даромад имкон медиҳад. HSDPA суръати баландӣ равона кардани маълумотро барои он, ки Шумо мусиқӣ ва видеоро куҷонида тавонед, дар баробари кор бо файлҳо, фиристондани почтаи элетронӣ бо замимаҳои ҳаҷмӣ, истифода бурдан аз web-саҳифаҳо, қабул кардани маълумотҳои зиёд, пурсамар кор кардан дар реҷаи on-line-ро имкон медиҳад.

Барои истифода бурдан аз хизматрасонии GPRS лозим аст:

  • Аниқ кунед, ки телефон GPRS-ро дастрас бошад, дар ин ҷо Чӣ тавр хизматрасонии GPRS-ро ҳамоҳанг сохтан мумкин аст?
  • Мустақилона ба воситаи меню-и аппарати Шумо
  • Занг задан ба Call-Center-и ширкат
  • Муроҷиат кардан ба Шӯъбаи муштариёни ширкат
  • Ба воситаи автоҳамоҳангсозӣ.

Барои кор дар Интернет телефони мобилиро ҳамчун модем истифода бурдан мумкин аст ё агар Шумо USB-модеме, ки дорои стандарти HSDPA бошад, дар ин маврид танхо sim-корти худро ё MobiNet-корти махсусро пайваст намоед ва суръати рекордии Интернетро то 7.2 Мбит/сон. КХ-и худ қабул кунед. Шумо метавонед HTML-саҳифаҳоро аз назар гузаронед, файлҳоро куҷонед, бо почтаи электронӣ ва ҳар гуна имкониятҳои Интернет кор кунед. Дар шабакаи GSM суръати равона/қабул кардани маълумотҳо метавонад аз 171.2 Кбит/c.-ро ташкил диҳад, дар шабакаи 3G-UMTS суръати равона кардани маълумот метавонад то 2 Мбит/с. бошад ва дар шабакаи 3.5G-HSDPA суръат метавонад то 7.2 Мбит/с.-ро ташкил диҳад.

Тавваҷуҳ: Тарофаҳои «3G MobiNet», «3G MobiNet-1000», «3G MobiNet-3000», «3G MobiNet-10000» танҳо дар шабакаи 3G ба қайд гирифта мешаванд (шабакаи 2G дастнорас аст). Тафтиши трафикӣ GPRS мумкин аст:

  • Бо ёрии USSD: #2001#2#
  • Бо ёрии ИСУУ
  • Бо ёрии сомонаи welcome.babilon-m.tj

Ҳисобкунии равона кардани маълумотҳо барои ҳаҷми ҷамъи трафик гузаронида мешавад.

Хизматрасонии «Интернет ба воситаи GPRS» дар хориҷӣ кишвар дастрас аст, танҳо дар он мамлакатҳое, ки бо ширкати мо шартномаи GPRS-роуминг баста бошад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат