Рақами нав

Агар Шумо рақаматонро мувақатан иваз кунед ва алоқаҳои пешинаро гум кардан нахохед, метавонед инро бидуни бохт ба даст оред!

Аз хизматрасонии «Рақами нав» аз «Babilon-Mobile» истифода намуда, Шумо алоқаҳои муҳимро гум намекунед, аз зангҳои нохоҳам ба «Рақами муваққатӣ»-атон худдорӣ менамоед*, бо хешовандонатон ва дустонатон ҳама вақт дар хати алоқа мешавед.

Бо хизматрасонии «Рақами нав» зангзанандагон ба рақами пешинаи Шумо ҷавобгуи худкорро мешунаванд, ки он ба муштариён хабар медиҳад, ки хоҳиши занг заданашон ба тарафи муқобил расонида мешавад. Шумо SMS-огоҳномаро оиди занг задан ба «Рақами муваққатӣ» қабул мекунед:
«Рақами нав» - барои ба Шумо занг задан бо рақами куҳна аз Муштари рақами зангзананда-ро истифода кардан мумкин аст. Шумо худатон ҳал менамоед, ки ба муштари рақаматонро хабар медихед, ё на.

Пайваст кардани хизматрасонии «Рақами нав»:

  • Барои пайваст кардани хизматрасонии «Рақами нав» аз рақами нав равона кардани USSD-фармоиш *2015*1# ё SMS хабари бепул бо матни «ON» ба рақами 2015 лозим аст.
  • Баъдан дохил намудани рақами куҳнаатон ба руихати рақамҳои куҳна бо ёрии USSD-фармоиш *2015*рақами куҳна# ё SMS хабари бепул бо матни: рақами куҳна ба рақами 2015, ки дар он рақами пешинаи Шумо мебошад, равона кардан зарур аст.
  • Сипас гузариши зангҳоро аз SIM-корти «куҳна» муқаррар кардан лозим аст. Барои ин ворид шудан лозим аст ба Меню-и телефон – Гузариши зангҳо (переадресация) – ҳама зангҳои овозӣ - ба рақами +992918602015 (муштариёни «Вавилон-Мобайл», USSD – фармоиш *21*+992918602015# ва «Даъват»-ро гирифта, метавонанд гузаришро муқаррар кунанд).

Руихати SMS в USSD – фармоиш барои истифодаи хизматрасонии «Рақами нав»:

АмалUSSD-фармоишSMS-дархост ба рақами 2015
Барои азназаргузаронии руихати рақамҳои куҳна*2015#SMS хабари холӣ ба рақами 2015
Барои хомуш кардани хизматрасонӣ (ҳангоми хомуш кардани хизматрасонӣ рақамҳои куҳна бояд тоза карда шаванд)*2015*0#OFF
Барои баркарор кардани хизматрасонӣ (агар хизматрасонӣ ба муштарӣ 3 моҳ аз вақти пайвастшавӣ пешниҳод шуда бошад)*2015*1#ON
Тоза кардани руихати ракамҳои куҳна (ҳангоми иҷро кардани фармоиши зерин, руихати рақамҳои куҳна тоза мешавад, аммо хизматрасонӣ хомуш намешавад)*2015*5#DEL
Тоза кардани рақами куҳна аз руихати рақамҳои куҳна*2015*5*_рақами_куҳна_#DEL _рақами_куҳна_
Илова кардани рақами куҳна*2015*_рақами_куҳна_#_рақами_куҳна_

Арзиш:

  • Пардохти моҳона надорад.
  • Пайваст шудан ба хизматрасонӣ барои 3 моҳ - 3,50 сомонӣ бо назардошти тамоми андозҳо* мебошад. Хизматрасонӣ бо тарзи худкор, ҳангоми ба охир расидани се моҳ хомуш мешавад. Барои дароз кардани хизматрасонӣ онро аз сари нав пайваст кардан лозим аст. Бо вуҷуди ин СИМ-корт хомуш карда намешавад ва бо тарофаи интихобшуда амал мекунад.

* Дар нақшаҳои тарофавии "Суғдиён" ва "Бадахшон" арзиши хизматрасонӣ барои 3 моҳ - 0,70 сомонӣ бо назардошти тамоми андозҳо* мебошад.
** Нархҳои ҷорӣ аз 01.01.2024 бо назардошти андози аксиз (7%) ва ААИ (14%) амал мекунанд.

Эзоҳ

  • «Рақами нав» метавонад рақаме бошад, ки ба яке аз тарофаҳои «Babilon-Mobile» (ба ғайр аз тарифхои «MobiNet», «3G MobiNet», «3G MobiNet-1000», «3G MobiNet-3000», «3G MobiNet-10000») пайваст бошад. Баъд аз хомуш кардани хизматрасонӣ бо тарзи худкор «Рақами нав» ба Шумо мувофиқи шартномаи муштарӣ пайваст карда мешавад.
  • Шумораи максималии илова кардани «Рақамҳои пешина» - 5 рақам аст. Ҳангоми илова кардани рақами 6-ум хабар намоён мегардад: «ҳадди рақам риоя нашудааст».
  • Ҳангоми илова кардани «Рақамхои пешина» рақамҳоро бо коди алоқаи амалгар (918 хх хх хх, 98 ххх хх хх) гирифтан лозим аст.
  • «Рақамҳои пешина» метавонанд рақамҳои ба қайд гирифташуда ва амалгарони мобилии ҶТ бошанд.
  • Шумо наметавонед огоҳномаро оиди зангҳо ба рақами пешина қабул намоед, агар суратҳисобатон дар Sim-корти «Пешина» манфӣ ё сифр бошад. ғайр аз ин, хизматрасонӣ ҳангоми маҳдуд шудани Sim-корти «Пешина», гум шудан ва ё маҳдудияти ихтиёрӣ амал намекунад.
  • ҳангоми иваз кардани «Рақами муваққатӣ» хизматрасониро аз сари нав пайваст кардан лозим аст.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат