Рақамҳои дустдошта

Хизматрасонии «Рақамҳои дӯстдошта» ба муштариёни Нархномаҳои "Дастрас", "Фойданок", «Оддӣ», «Махсус», «Фаъол», «Бобарор» ва «Тоҷирон» имконият медиҳад, ки зангҳоро ба «Рақамҳои дӯстдошта» дар дохили шабака 0 сомонӣ ва ба дигар ширкатҳои ҶТ бо тахфифи 50% аз тарофа амалӣ намоянд. Муштариён метавонанд то 5 рақами дӯстдошта дар НТ "Дастрас", "Фойданок", "Фаъол", "Бобарор", "Тоҷирон" ва то 6 рақами дӯстдошта дар НТ "Оддӣ", "Махсус" васл намоянд. «Рақами дӯстдошта» метавонад: рақами ҶСП «Вавилон-Мобайл», рақами ҳар як оператори мобилии ҶТ ва ё рақами ҳар кадом оператори алоқаи собитии ҶТ бошад.

Барои илова намудани «Рақами дӯстдошта» ба Шумо лозим

1. Дар телефон фармони USSD:
*2009# рақами дӯстдошта#-ро гиред. Барои дохил намудани 2 ва зиёда «Рақамҳои дӯстдошта» лозим аст, ки миқдори муайяни фармонҳои USSD – ро гиред.

2. Бо ёрии SMS:
SMS - хабарро ба рақами 2009 равон кунед: рақами муштариеро, ки мехоҳед ба «Рақамҳои дӯстдошта» илова кунед. Масалан: 918 хххххх ба 2009. Барои илова намудани 2 ва зиёда «Рақамҳои дӯстдошта» лозим аст, ки миқдори муайяни SMS - дархостҳоро равон кунед.

Барои иваз намудани як «рақами дӯстдошта» ба дигар ба Шумо лозим аст:

1. Фармони USSD:
*2009# рақами дӯстдоштаи пешина # рақами дӯстдоштаи нав#-ро гиред.

2. Бо ёрии SMS:
SMS: - хабарро ба рақами 2009 равон кунед: рақами дӯстдоштаи пешина {фосила} рақами дӯстдоштаи нав.

Ба воситаи ИСУУ Шумо метавонед «рақами дӯстдошта»-ро илова ё иваз намоед.

1. Бо истиноди: htpp://ecare.babilon-m.tj гузаред
2. Рақаму рамзро дохил намоед ва тугмачаи «Ба система даромадан»-ро пахш намоед.
3. Дар руйхати хизматрасониҳо «Рақамҳои дӯстдошта» - ро ёбед ва мувофиқи дастурамал амал намоед.

Эзоҳ!
1. Хизматрасонии «Рақамҳои дӯстдошта»-ро метавонанд муштариёне истифода баранд, ки дар тарофаҳои "Дастрас", "Фоиданок", «Оддӣ», «Махсус», «Фаъол», «Бобарор» қарор доранд.
2. Дар ТН бо пардохти моҳонаи муштарӣ дар сурати мавҷудияти «Рақамҳои дӯстдошта» зангҳо дар дохили шабака бо дақиқаҳои пардохтшуда харҷ карда намешавад, «Рақамҳои дӯстдошта» ба муштариёни дигар бо 50 дар сад тахфиф, баъди ба итмом расидани дақиқаҳои пардохтшуда, нархгузорӣ карда мешавад.
3. Зангҳо ба "Рақамҳои дӯстдошта" дар дохили шабака 0 сомони, ба рақамҳои дигар амалгарон 50% аз тарофа, зимни ин дигар намудҳои тахфиф амал намекунанд
4. Дар ҳолати иваз намудани нақшаи тарофавии бо 6 рақами дӯстдошта ба тарофаи бо 5 рақами дӯстдошта, рақамҳои охирин илова гашта ҳифз мегарданд.
5. Дар ҳолати иваз намудани НТ бо рақамҳои дӯстдошта ба НТ бе рақамҳои дӯстдошта, рақамҳои дӯстдошта лағв мегарданд.
6. Як фармони USSD ва як SMS - дархост имконият медиҳанд, ки танҳо як «Рақами дӯстдоша» илова карда шавад.
7. Маълумот оид ба хизматрасонӣ бо рақами 3007(Занг 0 сомони.).

Арзиш:

• Пардохти моҳона надорад.
• Нархи илова ё иваз намудани ҳар як «Рақами дӯстдошта» бо назадошти аксиз(7%) ва ААИ(15%) - 4,4212 сомонӣ мебошад.
• Арзиши SMS - хабар ба рақами 2009 0 сомонӣ.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат