Ширкати «Вавилон-Мобайл» ба муштариёни худ имконият медиҳад, ки аз навъи сабукшуда дар шабакаи иҷтимоии «Facebook» (http://0.vk.com) дар тамос бошанд. Барои он ки аз «Facebook» истифода баред, ба сомонаи зерин ворид шавед: http://0.facebook.com Навъи матнӣ дар шабакаи иҷтимоии «Facebook».
- Навъи матнӣ дар худ танҳо маълумоти матниро дар бар гирифта, дастрасиро ба хизматрасониҳои бисёрмуҳита (акс, видео ва аудио) иҷозат намедиҳад.
- Ҳангоми тамошои навъи пурраи «Facebook» ва инчунин файлҳои бисёрмуҳита пардохт барои трафик мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо гирифта мешавад.
- Ҳангоми истифода аз Opera Mini пардохти трафик мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад.
- Ҳангоми гузаштан ба бахши тасвирӣ, видеоӣ ва аудиоӣ маълумоти зерин пайдо мешавад: «Саҳифае, ки Шумо ба он ворид мешавед, метавонад дорои мундариҷае бошад, ки ҳамчун истифодаи интернети мобилӣ нархгузорӣ карда мешавад!»
- Навъи матнии хизматрасонӣ дар роуминг дастнорас аст.
- Смартфонҳо дар ҳолати маназаравӣ метавонад пайвастнамоии иловагиро насб намоянд, ки тарофаи мазкур мутобиқи тарафики Шумо нархгузорӣ карда мешавад.
- Навъи матнӣ танҳо барои браузери муқаррарии телефони мобилӣ ё смартфон дастрас аст.
Имкониятҳои Шумо:
- Тамошо ва илова намудани хабарҳо
- Мутолиа ва шарҳи хабарҳои нашршуда
- Ҷустуҷӯ ва тамошои гурӯҳ
- Ҷустуҷӯ ва илова намудани дӯстон
- Идора намудани профили худ
Озодона муошират намо!
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат