Twitter и Facebook (табодули SMS)

Ба истифода додани хизматрасонии табодули SMS бо Facebook ва Twitter.

  1. Ширкати «Вавилон-Мобайл» хизматрасонии наверо ба истифода дод, ки ба истифодабарандагони шабакаҳои машҳури ҷаҳонӣ имконият медиҳад ҳамеша бо дӯстони худ дар тамос бошанд. Хизматрасонии нав ба муштариёни дорои аккуант дар Facebook ва Twitter имконият медиҳад, ки дар телефони худ SMS-огоҳинома дар бораи навигариҳои саҳифаҳои худ, қабул кунад.
  2. Минбаъд муштариёни «Вавилон-Мобайл» дар сурати дар онлайн қарор надоштани худ дар бораи хабарҳо ва гузоришҳое, ки дар саҳифаи шахсии онҳо дар Facebook ва Twitter пахш мешавад, SMS-хабар қабул менамоянд.

Хизматрасонии мазкур имконият медиҳад, ки огоҳинома дар бораи дигаргуниҳо дар саҳифаи худ ва саҳифаҳои дӯстон қабул кунанд ва инчунин ба воситаи SMS ба он посух гӯянд. SMS-огоҳинома ба телефони муштариён аз ракамҳои кӯтоҳи Facebook аз 3266500 – 3266540 ворид мешавад. Бо пахш намудани фармоиши "Ответить на сообщение" дар телефони худ муштариён метавонад ба он фавран посух гӯянд. Арзиши хизматрасонии SMS-огоҳиномаи Facebook - 0 сомонӣ.

Арзиши SMS-хабари баромад ба 3266500-3266540 баробар аст ба арзиши SMS –ҳои муқаррарии баромад дар дохили шабака, мутобиқи нақшаи тарофавии Шумо.
Арзиши SMS - хабарҳои воридшаванда 0 сомонӣ.
SMS огоҳинома бо нишонии зерин фаъол карда мешавад.

Эзоҳ:
  1. SMS огоҳинома аз Facebook ва Twitter ба телефони Шумо дар ҳолатҳои зерин фиристода мешаванд, агар:
    1. Истифодабарандагон дар гӯшаи сахифаи Шумо хабар ҷой намоянд;
    2. Хабарро тафсир диҳанд;
    3. Сурат ҷой намоянд ва шуморо дар он акс ишора кунанд
    4. Ба сурати Шумо шарҳ илова кунанд
    5. Шуморо ба рӯйхати дӯстон ворид намудан хоҳанд
    6. Ба Iумо хабари шахсии худро нависанд ва шумо дар ин ҳангом зиёда аз 60 рӯз ба сомона надаромада бошед, танҳо дар ин ҳолат ба Шумо SMS – огоҳинома ворид мешавад

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат