Хизматрасонии "MobiONLINE 70"

Бо сабабҳои техникӣ аз 01.11.2023 с. пайвастшавӣ ба хизматрасониҳои зерин "MobiOnline - 70" барои муштариён дастнорас мегардад.

Мехоҳед аз Интернети белимит барои муоширати бемаҳдуд бо хешовандон аз Мессенҷерҳои WhatsApp, Viber, Telegram, WeChat истифода баред?
Ба хизматрасонии «МobiОnline - 70» пайваст шавед ва 70 Мбайт/дар як шабонарӯзро бо суръати ниҳоӣ соҳиб шавед.

Идоранамоии хизматрасонӣ
  • Фармоиш барои пайвастнамоии хизматрасонӣ: *125*70*1#
  • Фармоиш барои қатъи хизматрасонӣ: *125*70*0#
  • Пардохти муштарӣ (дар як рӯз): 2,4584 сомонӣ
  • Тафтиши ҳолати хизматрасонӣ: *125#

Трафики дорои суръати баланд ба итмом расид? Мехоҳед суръатро барои роҳандозии файлҳои зарурӣ зиёд намоед?
Ба бастаҳои «MobiTURBO» пайваст шавед ва Мегабайтҳои иловагиро ба андозаи 50 ва 100 Мб ба даст оред.

#MobiTURBO 50MobiTURBO 100MobiTURBO 500MobiTURBO 1000
Андозаи трафик50 Мегабайт100 Мегабайт500 Мегабайт1000 Мегабайт
Арзиши хизматрасонӣ1,2292 сомонӣ1,9628 сомонӣ8,8523 сомонӣ11,8064 сомонӣ
Фармоиш барои пайвастшавӣ*125*50#*125*100#*125*500#*125*1000#
Эзоҳ:
  1. Дар сурати ба итмом расидани 70 Мб, ба Шумо Интернети белимит то охири шабонарӯзӣ бо суръати то 64 Кбит/c пешниҳод карда мешавад;
  2. Хизматрасонӣ дар асоси Пардохти муштарӣ барои 1 шабонарӯз пешниҳод карда мешавад. Як шабонрӯз аз давраи 00:00 то 23:59 ҳисобида мешавад;
  3. Бақияи трафики истифоданашудаи «MobiOnline – 70» ба рӯзи дигар гузаронида намешавад;
  4. Бақияи бастаҳои истифоданашудаи «MobiTURBO 50 Мб/100 Мб/500 Мб/1 Гб» дар ҳолати бомуваффақият ситонидани пардохти муштарӣ барои хизматрасонии «MobiOnline – 70» ба рӯзи дигар гузаронида мешавад;
  5. Бастаҳои иловагии «MobiTurbo» -ро танҳо дар сурати мавҷудияти хизматрасонии «MobiOnline – 70» пайваст намудан мукин аст;
  6. Бастаҳои иловагии «MobiTurbo»-ро як бор дар як шабонаруз пайваст кардан мумкин аст.
  7. Хизматрасонӣ барои нақшаҳои тарофавии «Дастрас», «Фоиданок», «Оддӣ», «Махсус», «Фаъол», «Бобарор», «Тоҷирон», «Бадахшон», «Суғдиен», «Бемалол 5» , «Муфид» ва «Ҷавонон» дастрас аст;
  8. Ҳангоми дар як вақт пайваст намудани опсияҳои «MobiOnline - 70» ва «Mobi-GPRS» (дигар бастаҳои интихобӣ), бартарият ба опсияи «MobiOnline - 70» дода мешавад;
  9. Манбаъҳои бо арзиши 0 сомонӣ дастрас нестанд (Wikipedia, TwitterZero, FacebookZero, ВКонтакте, дастрасӣ ба сомнаҳои Babilon-M ва Babilon-T), яъне, ҳангоми қатъи хизматрасонӣ тарофабандӣ тибқи бастаҳои «MobiOnline - 70» сурат мегиранд;
  10. Хизматрасонӣ барои муштариён дар роуминги байналхалқӣ дастрас нест;
  11. Нархҳо бо назардошти аксиз (7%) ва ААИ (14%) нишон дода шудаанд.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат