Пардохти моҳона барои рақам!
Муштариёни мӯҳтарам!

ҶСП «Вавилон-Мобайл» ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар асоси Фармоиши Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 01.07.2015с. пардохти муштарӣ барои истифодаи ҳар як рақам ба андозаи 80 дирам муқаррар карда мешавад.

Хоҳишмандем ба инобат гиред, ки пардохти муштарии моҳона алоҳида барои ҳар як рақаме, ки Шумо аз он истифода мебаред, ситонида мешавад.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат