Почтаи Овозӣ

Хизматрасонии «Почтаи Овозии Динамикӣ» - ки ба Шумо имконият медиҳад, ҳамеша дар алоқа бошед ва аз зангҳои муҳими наздикон ва хешовандони худ ғофил намонед.

Даргоҳи «Почтаи Овозии Динамикӣ» якбора 3 хизматрасониро дар бар мегирад:

  1. «Почтаи Овозӣ»
  2. «Ба Шумо занг заданд»
  3. «Муштарӣ дар шабака аст»

Почтаи Овозии Динамикӣ – хизматрасонии мазкур ба Муштарии зангзананда имконият медиҳад, (Муштарии А)паёми овозиро сабт намояд, то ин ки Муштарии даъватшаванда (муштарии Б)тавонад баъдтар онро гӯш кунад. Сабти паём баъд аз промти тарофабандинашаванда дар бораи сабаби дастнорасии Муштарии Б (дарозиша 5 сонияро ташкил медиҳад) ва оҳангсадои кӯтоҳи «BEEP» оғоз меёбад.

Ҳангоми сабти паёми овозии Муштарии А мутобиқи нақшаи тарофавии ӯ, ҳамчун барои занги баромад ба муштарии Б, тарофабандӣ карда мешавад.

Хусусияти паёмдони овозӣ:

  • Шумораи ниҳоии поёмҳои овозӣ: 10
  • Давомнокии ниҳоии паёмҳои овозӣ: 60 сония
  • Дарозии ниҳоии нигаҳдории паёмҳои овозӣ: 10 рӯз

Барои гӯш кардани паём аз паёмдони овозӣ Муштарии «Вавилон-М» бояд ба рақами кӯтоҳи 2007 занг занад.
Гӯш кардани паёмҳои овозӣ бо рақами 2007 барои муштариён тарофабандӣ карда намешавад.

Муштарӣ метавонад тағйири нишониро ба рақами хизматрасонии «Почтаи Овозии Динамикӣ» +992918602007 ба воситаи ҷӯрсозии телефон ё бо кӯмаки USSD-фармоиш мустақилонаро амалӣ намояд.

Барои насб намудани тағйири нишонӣ ба рақами «Почтаи Овозии Динамикӣ» бояд дар телефон гирифта шавад: **(рамзи хизматрасонии тағйири нишонӣ)*(+992918602007)#

Рамзҳои хизматрасонии тағйири нишонӣ:

  • 61 – тағйири нишонӣ ҳангоми набудани ҷавоб;
  • 62 – тағйири нишонӣ ҳангоми имконпазир набудани пайвастнамоӣ;
  • 67 – агар телефон банд бошад.

Дар феҳрести 2007 IVR- муштарӣ метавонад паёмҳои овозиро гӯш кунад, паёмҳои қаблан мондашударо лағв намояд, ба шохаи навбатӣ ё пешина гузарад.

Ба Шумо занг заданд – хизматрасонии мазкур, ба муштарӣ имконият медиҳад, ки дар бораи зангҳои қабулнашуда, дар ҳолатҳое, ки Муштарӣ банд аст, телефонӣ Муштарӣ қатъ карда шудааст ва ё берун аз ҳудуди шабака қарор дорад ва ё муштарӣ ба даъватҳо ҷавоб намедиҳад, SMS-паёмак қабул намояд. Агар Муштарӣ хизматрасонии «Почтаи Овозӣ» ва «Ба шумо занг заданд» - ро фаъол намуда бошад, SMS-паёмак дар бораи хизматрасонии «Ба Шумо занг заданд» - ро, дар ҳолате қабул мекунад, ки агар Зангзананда паёми овозӣ намонда бошад.

Муштарӣ дар шабака аст – хизматрасонии мазкур, ба муштарии Зангзананда имконият медиҳад, ки дар бораи дар шабака пайдо шудан огоҳ намояд. Агар ҳангоми даъват, телефонии Муштарии даъватшаванда банд бошад,телефонӣ Муштарӣ қатъ карда шуда ва ё берун аз ҳудуди шабака қарор дошта бошад, баъд аз дар шабака пайдо шудани муштарӣ, ба Зангзананда SMS-огоҳинома аз рақами 2007 меояд, ки «Муштарӣ дар шабака қарор дорад».
Например: «Абонент ‎981021798 в сети».


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат