Далели навбатии самаранокии ин фаъолият Мусобиқаи байналмилалии кӯдакону наврасон «Футбол бидуни марз» гардид, ки аз 24 то 29 июли соли 2026 дар шаҳри Гулистон баргузор шуд. Дар мусобиқа 25 даста аз панҷ давлат — Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.
ЗАО «Вавилон-Мобайл», ки ҳамеша рушди варзиши кӯдакон ва тарзи ҳаёти солимро дастгирӣ менамояд, дар ин мусобиқа бо ду даста — «Вавилон» U-11 ва «Вавилон» U-12 иштирок кард.
Дастаи «Вавилон» U-11 сатҳи баланди омодагии худро нишон дода, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ гардид. Дар бозии финалӣ футболбозони навраси мо бар тими «Пахтакор Kids» бо ҳисоби 3:0 ғалабаи боварибахш ба даст оварда, унвони қаҳрамониро соҳиб шуданд.
Дастаи «Вавилон» U-12 низ ширкатро бо шоистагӣ намояндагӣ намуда, дар гурӯҳи синну соли худ мақоми сеюмро соҳиб гардид.
ҶСП «Вавилон-Мобайл» футболбозони наврас, ҳайати мураббиён ва волидони онҳоро бо ин дастоварди арзанда самимона табрик менамояд. Мо аз муваффақиятҳои дастаҳои худ ифтихор дорем ва итминон дорем, ки чунин мусобиқаҳо ба рушди футболи кӯдакону наврасон, таҳкими дӯстии байни кишварҳо ва тарбияи ситораҳои ояндаи футболи тоҷик мусоидат мекунанд.
Ба қаҳрамонони навраси худ пирӯзиҳои нав, рушди варзишӣ ва фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландро орзумандем!
Бозпас ба рӯйхат


