VoLTE — стандарти нави алоқаи овозӣ аз «Вавилон-Мобайл»

VoLTE — стандарти нави алоқаи овозӣ аз «Вавилон-Мобайл»

Бо дархости зиёди муштариёни худ, ширкати «Вавилон-Мобайл» технологияи VoLTE (Voice over LTE)-ро дар шабакаи худ дастрас намуд.

VoLTE имкон медиҳад, ки зангҳои овозӣ тавассути шабакаҳои 4G (LTE) ва 5G анҷом дода шаванд ва сифати баланди интиқоли овоз, пайвастшавии зуд ва истифодаи интернети баландсуръатро ҳангоми суҳбат таъмин менамояд.

Афзалиятҳои VoLTE

Сифати баланди овоз (HD)

Аз садои равшан, табиӣ ва бе халал баҳра баред.

Пайвастшавии зуд

Пайвастшавӣ бо ҳамсуҳбат нисбат ба зангҳои маъмулӣ хеле зудтар анҷом дода мешавад.

Интернети баландсуръат ҳангоми суҳбат

Аз Интернети баландсуръати мобилӣ дар шабакаҳои 4G (LTE) ва 5G истифода баред.

Чӣ тавр VoLTE-ро фаъол кардан мумкин аст?

Боварӣ ҳосил намоед, ки смартфони Шумо технологияи VoLTE-ро дастгирӣ мекунад. Пас аз он, функсияи VoLTE-ро дар танзимоти дастгоҳи худ фаъол созед.

Барои санҷидани мутобиқати смартфон ва шиносоӣ бо дастури муфассали фаъолсозӣ барои модели телефони худ, ба истиноди зерин ворид шавед:

Дастури фаъолсозии VoLTE

Агар саволе пайдо шавад, метавонед ба Маркази тамос бо рақами 2006 муроҷиат намоед.

Хизматрасонӣ ройгон пешниҳод карда мешавад.


Бозпас ба рӯйхат