РБТ платформаи Гудокро иваз намо аз КП ИТМ

Гудокҳои дилгиркунандаро ба оҳангҳои дӯстдошта ё шӯхиҳо иваз намоед! Хитҳоро аз каталоги мо интихоб кунед ё аудиофайлҳои худро бор кунед.

Арзиш:

Пардохти абонентӣ: 0,20 TJS дар як рӯз.

Арзиши оҳанг (як маротиба пардохт мешавад, муҳлати амал маҳдуд нест):

  • Категорияи 1 — 3,30 TJS
  • Категорияи 2 — 6,00 TJS
  • Категорияи 3 — 6,60 TJS
  • Категорияи 4 — 9,90 TJS

(Ҳамаи нархҳо бо назардошти ААИ ва андози аксизӣ нишон дода шудаанд).

Чӣ тавр пайваст кардан ва оҳангро интихоб намудан мумкин аст?

  • Менюи овозӣ: занг ба рақами 800.
  • Фармони USSD: *800# (меню) ё *800*РАМЗИ оҳанг#-ро рақамчинӣ кунед.
  • SMS: рамзи оҳангро ба рақами 800 ирсол намоед.
  • Сомона: оҳангҳоро дар сомонаи zg.babilon-m.tj интихоб намоед.

Усули қатъи хизматрасонӣ:

Агар Шумо дигар аз хизматрасонӣ истифода бурдан нахоҳед, танҳо дархости USSD-ро ирсол намоед: *800*0#

Хизматрасонии «Оҳанги ман»

Трекҳои дилхоҳи худро бор кунед ва онҳоро ба ҷои гудок гузоред.

Талабот ба файл: формати MP3 ё WAV, ҳаҷм то 5 МБ.

Арзиш: 0,20 TJS дар як рӯз барои ҳар 3 оҳанги дар профили Шумо боршуда.

Чӣ тавр пайваст кардан мумкин аст:

  • USSD: *800*3#
  • SMS: матни «3» ба рақами 800
  • Занг: рақами 800 (бахши хизматрасонии «Оҳанги ман»)

Чӣ тавр хомӯш кардан мумкин аст:

  • USSD: *800*3*00#
  • SMS: матни «stop 3» ё «стоп 3» ба рақами 800
  • Сомона: дар утоқи инфиродӣ дар zg.babilon-m.tj

(Агар пас аз хомӯшкунӣ Шумо дигар оҳанг надошта бошед, оҳанги стандартии «Гимни Оператор» садо медиҳад).

Қоидаҳои модератсия:

Ҳар як оҳанги боркардаи Шумо аз санҷиш мегузарад. Муҳтаво бояд ба қонунгузории ҶТ мутобиқ бошад. Оҳанг нест карда мешавад, агар дар он ҷой дошта бошад:

  • суханҳои ғайриахлоқӣ (дашном), таҳқир ё даъват ба зӯроварӣ;
  • табъиз аз рӯи ҳама гуна нишонаҳо;
  • таҳқири рамзҳои давлатӣ, динҳо ё шаъну шарафи шаҳрвандон;
  • таблиғи машрубот, тамоку, моддаҳои нашъадор ё порнография.

Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат