Хизматрасонии шиносоии SMS-ӣ «Шиносоиҳо» аз КП ИТМ
Шинос шавед, муошират кунед ва дӯстони нав пайдо намоед! Муоширати зинда, ҳамсуҳбатони ҷолиб ва имконияти пайдо кардани ҷуфти муносиб — акнун ҳамаи ин дар телефони Шумо дастрас аст.
Ин чӣ гуна кор мекунад:
Шумо метавонед паёмҳоро тавассути менюи қулайи USSD ирсол кунед ва дастрас намоед. Хизматрасонӣ бидуни пайвастшавӣ ба интернет кор мекунад ва насби замимаҳои иловагиро талаб намекунад. Дар вақти барои Шумо қулай шинос шавед ва муносибатҳои нав барпо намоед.
Арзиш:
Пардохти ҳаррӯза барои хизматрасонӣ 0.40 TJS-ро бо назардошти ҳамаи андозҳо ташкил медиҳад.
Тарзи пайваст намудан:
Барои фаъол кардани обуна дархости USSD-ро ирсол намоед: *374*2#
Тарзи қатъ намудан:
Агар Шумо дигар аз хизматрасонӣ истифода бурдан нахоҳед, дархости USSD-ро ирсол намоед: *374*2*0#
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат