Хизматрасонии «Садо» – замимаи мобилӣ барои гӯш кардани мундариҷаи аудиоӣ аз КП «Технологияи Рушд» мебошад.
Замима барои Android ва iOS, инчунин дар формати web дастрас аст: https://sadoapp.tj/app
Дар махзани замима:
- 190 радиошабакаҳо;
- зиёда аз 2400 аудиокитоб (аз ҷумла китобҳои эксклюзивӣ бо забони тоҷикӣ);
- зиёда аз 4000 барориши подкастҳо;
- функсияҳои "давом додани гӯшкунӣ" ва танзими суръати пахш.
Арзиш:
Пардохти ҳаррӯза барои хизматрасонӣ 1 TJS-ро бо назардошти ҳамаи андозҳо ташкил медиҳад.
Трафики интернет ҳангоми истифодаи замимаи мобилӣ мувофиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад ё аз захираҳои пардохтшуда сарф мегардад.
Тарзи пайваст кардани хизматрасонӣ:
Барои ба расмият даровардани обуна USSD-дархости *6116#-ро ирсол намоед (рамз барои ворид шудан ба замима тавассути SMS меояд).
Тарзи қатъ кардани хизматрасонӣ:
Агар Шумо дигар аз хизматрасонӣ истифода бурдан нахоҳед, барои қатъи обуна USSD-дархости *6116*00#-ро ирсол намоед.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


