Хизматрасонии «Оила ТВ» – ин телевизиони мобилӣ барои тамошои шабакаҳои телевизионӣ, филмҳо ва силсилафилмҳо аз КП «Информатика ва технологияҳои инноватсионӣ» мебошад.
Замима барои Android ва iOS, инчунин дар сомонаи зерин дастрас аст: https://oilatv.com/
Дар махзани замима:
- 400 шабакаи телевизионӣ;
- зиёда аз 10000 филм ва сериалҳо;
- барномаи қулайи телевизион, функсияҳои ёдраскунӣ ва сабти мавқуфгузошташуда.
Арзиш:
Пардохти ҳаррӯза барои хизматрасонӣ 0,80 TJS-ро бо назардошти ҳамаи андозҳо ташкил медиҳад.
Трафики интернет ҳангоми истифодаи замимаи мобилӣ мувофиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад ё аз захираҳои пардохтшуда сарф мегардад .
Тарзи пайваст кардани хизматрасонӣ:
Барои ба расмият даровардани обуна USSD-дархости *7117#-ро ирсол намоед .Рамз тавассути SMS меояд. Маълумотро дар бораи логин ва парол дубора бо фармони *7117# гирифтан мумкин аст.
Тарзи қатъ кардани хизматрасонӣ:
Агар Шумо дигар аз хизматрасонӣ истифода бурдан нахоҳед, барои қатъи обуна USSD-дархости *7117*00#-ро ирсол намоед.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


