Хизматрасонӣ ба ронандагон имкон медиҳад, ки оид ба қоидавайронкуниҳо ва ҷаримаҳои БДА сари вақт маълумот гиранд.
Имкониятҳо
- Назорати худкори шабонарӯзӣ: огоҳинома дар бораи ҷаримаҳои нав ба таври худкор ва фаврӣ тавассути SMS ирсол мешавад;
- Назорати се низом: «Шаҳри бехатар», «Neru» ва ҷаримаҳо барои таваққуфи ғайриқонунӣ;
- Пайвастшавӣ ва санҷиши осон: танҳо аз рӯйи рақами давлатии автомобил;
- Акс ва навори қоидавайронкунӣ: дастрас намудани аксу наворҳои лаҳзаи вайрон шудани қоида дар сомонаи www.bekhatar.tj .
Арзиш
- Ҳаққи обуна: 1 сомонӣ дар як рӯз (бо назардошти тамоми андозҳо).
- Иваз кардани рақами автомобил: 1 сомонӣ (якдафъаина).
Дастурамали пайвасткунӣ ва идоракунӣ
-
Фаъолсозии обуна:
фармони
*0008#-ро рақамчинӣ намоед. -
Пайваст кардани автомобил:
рақами давлатиро дар формати
XXXX00XX— бо ҳарфҳои лотинӣ ва бе фосила — бо SMS ба рақами 0008 ирсол намоед. - Санҷиши ҷаримаҳо: паёмак бо калимаи «Статус» ба рақами 0008.
-
Қатъи обуна:
фармони
*0008*0#-ро рақамчинӣ намоед.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳӣ - иттилоотии ширкат ба рақами 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


