Портали Мардона аз Сервис ва Алоқа

«Ҳаёти мардона» — ин web-портали махсус барои мардон мебошад, ки дар он мақолаҳои муфид, видео-дарсҳо ва мундариҷаҳои беҳтарин ҷамъоварӣ шудаанд.

Портал тавассути сомонаи зерин дастрас аст: http://mens.babilon-m.tj

Дар бахшҳои портал:

  • мақолаҳо ва видеоҳо аз рӯи категорияҳои: Ғизо, Варзиш, Авто, Гаджетҳо;
  • онлайн-маҷаллаҳои премиум барои мардон;
  • қисмати «Аудио» бо плейлистҳои мусиқавӣ;
  • имконияти боргирии видео ва функсияи «расм дар расм».

Арзиш:

Пардохти ҳаррӯза барои хизматрасонӣ 1,20 TJS-ро бо назардошти ҳамаи андозҳо ташкил медиҳад.

Трафики интернет ҳангоми истифодаи портал мувофиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад ё аз захираҳои пардохтшуда сарф мегардад.

Тарзи пайваст кардани хизматрасонӣ:

Барои ба расмият даровардани обуна USSD-дархости *779#-ро ирсол намоед (рамз барои ворид шудан тавассути SMS меояд, логин — рақами телефони Шумо).

Тарзи қатъ кардани хизматрасонӣ:

Агар Шумо дигар аз хизматрасонӣ истифода бурдан нахоҳед, барои қатъи обуна USSD-дархости *779*00#-ро ирсол намоед.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат