Бозии Набарди баҳрӣ аз Сервис ва Алоқа

«Набарди баҳрӣ» — ин бозии классикӣ мебошад, ки дар ду формат дастрас аст: тавассути менюи USSD ва версияи web. Мақсади бозӣ — «ғарқ кардани» киштиҳои ҳариф бо шумораи ками тирҳо.

Хусусиятҳои бозӣ:

  • Версияи USSD: бозӣ бевосита дар менюи телефон (интихоби координатҳо бо ҳарфҳои A-E ва рақамҳои 1-5).
  • Версияи Web: интерфейси пурра бо имконияти ҷойгиркунии киштиҳо ва бозӣ бо компютер ё дигар бозингарон.
  • Майдони бозӣ: 5х5 катак. Киштиҳо метавонанд аз 1 то 3 палуба дошта бошанд.

Арзиш:

Пардохти ҳаррӯза барои хизматрасонӣ 0,70 TJS-ро бо назардошти ҳамаи андозҳо ташкил медиҳад.

Трафики интернет ҳангоми истифодаи версияи web мувофиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад ё аз захираҳои пардохтшуда сарф мегардад.

Тарзи пайваст кардани хизматрасонӣ:

Барои ба расмият даровардани обуна USSD-дархости *400#-ро ирсол намоед . Пас аз ин, Шумо метавонед тавассути менюи *400# бозӣ кунед ё ҳаволаро ба версияи web гиред.

Тарзи қатъ кардани хизматрасонӣ:

Агар Шумо дигар аз бозӣ истифода бурдан нахоҳед, барои қатъи обуна USSD-дархости *400*00#-ро ирсол намоед.


Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: ‎‎918 61-61-61 занг занед.

Бозпас ба рӯйхат