«2 Мева» — ин викторинаи шавқовари рушддиҳанда барои машқи хотира мебошад. Мақсади бозӣ — ёфтани ҳамаи ҷуфтҳои кортҳои якхела (меваҳо ва буттамеваҳо) бо шумораи ками кӯшишҳо.
Хусусиятҳои бозӣ:
- Ҳар қадаре ки Шумо камтар хато содир кунед, ҳамон қадар холҳои зиёдтар мегиред.
- Ҳар як расм дар аввал 3 хол дорад, ҳангоми ҳар як хато арзиши он 1 хол кам мешавад.
- Шумо метавонед шумораи номаҳдуди маротиба бозӣ кунед.
- Тавассути замима (барои Android) ё сомонаи зерин дастрас аст: http://b.2Fruit.tj
Ҷоизаҳо:
Ҳар ҳафта иштирокчие, ки холҳои бештаринро ба даст меорад, ба тавозуни телефони мобилии худ 100 TJS мегирад.
Арзиш:
Пардохти ҳаррӯза барои хизматрасонӣ 0,70 TJS-ро бо назардошти ҳамаи андозҳо ташкил медиҳад.
Трафики интернет мувофиқи нақшаи тарофавии Шумо ҳисоб карда мешавад ё аз захираҳои пардохтшуда сарф мегардад.
Тарзи пайваст кардани хизматрасонӣ:
Барои ба расмият даровардани обуна USSD-дархости *500#-ро ирсол намоед. Пас аз фаъолсозӣ ба Шумо ҳавола барои оғози бозӣ меояд.
Тарзи қатъ кардани хизматрасонӣ:
Агар Шумо дигар аз бозӣ истифода бурдан нахоҳед, барои қатъи обуна USSD-дархости *500*00#-ро ирсол намоед.
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳи иттилоотии ширкат ба рақамҳои: 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат


