Хизматрасонии "MobiБозор"
Агар Шумо аз нақшаҳои тарофавии
«Ҷавонӣ 2» ё
«Ҷавонӣ 3»
истифода баред, дар доираи низоми санҷишӣ Мегабайтҳои худро метавонед мустақим тавассути замимаи
MyBabilon
ба хешовандон, наздикон ва дигар Муштариёни
«Вавилон-Мобайл»
интиқол диҳед.
Имкониятҳои «MobiБозор»
Бо хизматрасонии «MobiБозор» Шумо метавонед:
интиқоли мегабайтҳои худ ба дигар Муштариёни «Вавилон-Мобайл»;
мубодилаи трафики интернет бо наздикону пайвандон;
идоракунии мустақилонаи интиқоли Мегабайтҳо тавассути замимаи MyBabilon;
тақсими зуд ва муносиби Мегабайтҳо аз смартфони худ.
Хизматрасонӣ ба кӣ дастрас аст?
«MobiБозор» барои Муштариёни тарофаҳои зерин дастрас аст:
Қабулкунандаи Мегабайтҳо метавонад дигар Муштарии «Вавилон-Мобайл» бошад, ки ба дилхоҳ тарофаи овозии ширкат пайваст шудааст.
Мегабайтҳоро чӣ тавр интиқол додан мумкин аст?
-
Замимаи MyBabilon-ро кушоед.
-
Ба бахши
«MobiБозор»
гузаред.
-
Функсияи интиқоли трафики интернетро интихоб кунед.
-
Рақами Муштарии «Вавилон-Мобайл»-ро нишон диҳед.
-
Ҳаҷми зарурии Мегабайтҳоро интихоб кунед ва амалиётро тасдиқ намоед.
Эзоҳ:
1.
Мегабайтҳои бадастомадаро дар замимаи MyBabilon дар бахши «Телефон» → «MobiБозор» → «Таърих» → «Қабулшуда» дидан мумкин аст.
2.
Мегабайтҳоро танҳо муштариёни тарофаҳои «Ҷавонӣ 2» ва «Ҷавонӣ 3» интиқол дода метавонанд.
3.
Танҳо Мегабайтҳое, ки ба захираҳои нақшаи тарофавии Муштарӣ дохил мешаванд, интиқол дода мешаванд. Бастаҳои интернетии иловагӣ пайвастшударо интиқол додан мумкин нест.
4.
Мегабайтҳои интиқолшуда аз бақияи дастраси захираҳои интернетии нақшаи тарофавии ирсолкунанда бароварда мешаванд.
5.
Муҳлати амали ҳар як бастаи қабулшуда новобаста ба муҳлати амали захираҳои интиқолдиҳанда
60 рӯзи тақвимиро
ташкил медиҳад.
6.
Ҳар як бастаи қабулшуда алоҳида ба ҳисоб гирифта мешавад ва муҳлати амали худро дорад.
7.
Мегабайтҳои дар давоми 60 рӯз истифоданашуда ба давраи навбатӣ гузаронида ва ё ба Муштарии дигар дода намешаванд.
8.
Қабулкунанда метавонад дилхоҳ Муштарии "Вавилон-Мобайл" бошад.
9.Арзиши хизматрасонӣ —
0 сомонӣ.
* Шартҳо ва имкониятҳои функсионалии хизматрасонӣ метавонанд аз рӯи натиҷаҳои давраи санҷишӣ пурра карда шаванд.
Интернетро бо онҳое, ки бароятон азизанд, мубодила кунед!
Маълумоти иловагӣ:
2006
Ҳангоми пайдо шудани саволҳои иловагӣ, Шумо метавонед ба хадамоти маълумотдиҳӣ - иттилоотии ширкат ба рақами 918 61-61-61 занг занед.
Бозпас ба рӯйхат